Хушдоман ҳақ надорад, ки бо келин муносибати дағалона дошта бошад ва аз ў анҷоми ҳама корҳои хонаро тақозо кунад, - Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш гуфтааст, аз нигоҳи шариат хидмати хушдоман дар зиммаи писар воҷиб аст, зеро дар ҳадиси набавӣ хидмати модар се бор таъкид шудааст.
Ин ниҳод таъкид кард, ки хушдоман бояд бо келин ҳамчун духтари худ муносибат намояд, бо шафқату дилсӯзӣ ба ӯ дарси рӯзгордорӣ биёмўзад, то фазои хонавода саршор аз меҳру муҳаббат гардад ва миёни афроди хонадон ҳамдигарфаҳмӣ ва якдигарқадркунӣ пойдору устувор бошад.