Фильтр
Додугирифти Тоҷикистону Афғонистон соли гузашта ба 102 млн доллар баробар шудааст.
Аз ин беш аз 87 млн доллар содирот ба Афғонистон ва қариби 15 млн доллар воридот аз он мебошад, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар шаробу нӯшокиҳои беспиртро соли гузашта содир кардааст.
Ҳаҷми нӯшокиҳои содиршуда аз кишвар қариби 36,5 ҳазор тонро ташкил додаст, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Баҳсҳои ИМА ва ИА сари Гренландия имзои нақшаи кумак ба Украинаро халалдор карданд.
Созишномаи барқарорсозӣ ба маблағи 800 млрд долларро бояд дар Давос имзо мекарданд, хабар медиҳад Financial Times.
"Ҳоло ҳеҷ кас омода нест, ки дар атрофи созишнома бо Трамп тамошои бузурге соз кунад", - иқтибос меорад нашрия аз яке аз мансабдорон. Дигараш гуфт, ки раҳбарони ғарб наметавонанд амалҳои президенти ИМА-ро нодида гиранд.
Таҳлилгарони рӯзнома пешгӯӣ мекунанд, ки тафриқаи амиқи трансатлантикӣ метавонад ваҳдати Иттиҳоди Аврупоро дар атрофи режими Киев халалдор кунад.
Русия аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб аз болоравии нархи тилло 216 млрд доллар ба даст овардааст.
Фоида аз болоравии нархи металли қиматбаҳо талафотро аз бастани дороиҳои Русия дар Аврупо ҷуброн кардааст, иттилоъ дод Bloomberg.
Мактабҳои ронандагӣ дар Русия аз моҳи март метавонанд назарияро онлайн таълим диҳанд.
Шумораи соатҳои амалӣ барои маъмултарин категорияи шаҳодатномаи ронандагӣ - "B", афзоиш хоҳад ёфт, иттилоъ доданд дар Думаи давлатӣ.
Тоҷикистон содироти коло ба Қирғизистонро 19 баробар афзоиш дода, соли 2025 ба 9 млн доллар расонд
Ин нишондиҳанда соли 2024-ум ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Қирғизистон ягона узви ИИАО мебошад, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад ва табодули коло миёни ду кишвар баъди созиши марзӣ тамоюли афзоиш дорад.
Фаъол кардани имзои электронии мобилӣ дар Тоҷикистон то 200 сомонӣ нарх дорад.
Фаъолсозии имзои электронии мобилӣ барои шахси мутасаддии шахси ҳуқуқӣ – 200 сомонӣ, барои соҳибкорони инфиродӣ – 150 сомонӣ, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ройгон мебошад, иттилоъ дод Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нархи рубл дар Тоҷикистон поин рафта, доллару евро гарон шудаанд.
Тафсилоти бештарро дар мавриди нархи асъори хориҷӣ дар тасвирбаён бубинед.
Вазъият "бениҳоят ҷиддӣ ва мураккаб" аст: Сафорати Чин аз амнияти шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон нигарон аст.
Ин ба ноустуворӣ ва даргириҳои нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рабт дорад.
Намояндагии дипломатӣ ба шаҳрвандони Чин тавсия додааст, ки минтақаҳои хатарноки Тоҷикистонро дар наздикии хатти марз бо тартиби муташаккилона ҳарчи зудтар тарк кунанд ва ширкатҳо вазъиятро зери назорат ҷиддӣ бигиранд.
Показать ещё