Бедил ба ҷаҳон биё ту, як бори дигар,
Ҳоли зори бандаҳои мӯъмин бинигар: -
Додар ба ака душмани қотил гашта,
Аз пушти замину боғу мероси падар!
Саъдии бузург, биёву як бори дигар,
Бо чашми сарат авҳоли мӯъмин бинигар: -
Дашному ҳақорату талоқ вирди забон,
Нархи духтари бокира - як чукурии тар!
Ҳофиз ту куҷоӣ, ки биёи ба ҷаҳон?
Бо хуни ҷигар нависи аз дарди замон!
Бойҳо ҳушу гӯш ба хонаву дар доранд,
Тасбеҳ ва ҷойнамоз ба ҳар сӯ ҳайрон!
Хайём, биё, бубин замони мора,
"Таблеткаи - лирика" ба ту мефора!
Шунидам, ки ҷойи май варо нӯш кунанд,
"Нерванна" раванд, Ёра фаромӯш кунанд!
Ҳилолӣ биё, ғазал саро, нола бикун,
Ё даргаҳи Ҳақ бирав, Ӯро зора бикун,
Зӯри мо намерасад, Худо ёрӣ кунад,
Тинҷ