БА ҚАДРИ ҲАМДИГАР БОЯД РАСЕМ МО...
Духтаре бо модараш баҳс кард ва асабонӣ шуду аз хона баромада рафт. Бисёр роҳ гашт. Пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ, вақте ки аз пеши дӯконе мегузашт, гуруснагиро ҳис кард. Аммо духтарак дар ҷайб пул надошт.
Соҳиби дӯкон як зани солхӯрдаи меҳрубон буд. Зан дид, ки духтарак дар муқобили дӯкон қарор гирифта, чашм аз нозу неъматҳо намеканад. Бо ҳавас ба онҳо менигарад. Зан пурсид:
- Дахтарам, гурусна ҳастӣ?
Духтар сарашро ҷунбонду гуфт:
- Ҳа, аммо пул надорам.
Зан самимона хандиду гуфт:
- Ҳеҷ айбе надорад. Биё, ман туро меҳмон мекунам.
Зан духтаракро ба дӯкон таклиф карда, ширинворӣ ва як финҷон шир дод. Духтар аз ин рафтори зан хушҳол гардид ва изҳори