ЭЪТИҚОДИ ИСЛОМӢ БА МО ЧИРО МЕБАХШАД?
Эътиқоди исломӣ ба инсон яқин мебахшад, ки ҷуз Худои Таъоло парвардигоре нест, бояд танҳо аз Ӯ тарсид ва бояд танҳо аз Ӯ умедвор гашт, ҷуз Худои Таъоло маъбуди барҳаққе нест, бояд фақат аз ғазаби Ӯ парҳез кард ва бояд фақат розигии Ӯро ҷуст. Мусалмон бо ин имон ва ақида ҳамаи худоҳои сунъиро аз ҳаёти хеш берун месозад ва ҳамаи бутҳои моддию маънавиро пора мекунад, танҳо ба парвардигории Ӯ Таъоло розӣ гашта, ба Ӯ таваккул намуда, бо тавба ба сӯяш баргашта, ба фазлу эҳсони Ӯ чашми тамаъ баста, аз қувваи Ӯ кӯмак ҷуста, бо Ӯ дӯстӣ варзида, барои доварӣ ба Ӯ муроҷиат карда, фақат ба Ӯ такя ва эътимод мекунад.
﴿وَمَن يَعتَصِم بِاللَّهِ فَقَد هُدِيَ إِلى صِراط