
Левая колонка
Последний визит: 7 дек 2023
Фильтр
ҲАМДАРДӢ
<<Гули ман, гиря макун, дод назан, ғусса махур, Ҳарфи ноҷой магу, муй макан, ғусса махур!>> Нест кас беғаму беранҷу алам дар ъолам, Ҳаст як раҳгузар ин дашту даман, ғусса махур! Ба муроди дилу мақсуд расида ҳама вақт, Як гуле нест дар ин боғу чаман, ғусса махур! Лолае нест, ки доғе набувад дар қалбаш, Синаат доғ шуд, эй ғунчадаҳан, ғусса махур! Захми ғам дар бадани ҳар дили дилдорон ҳаст, Захми ғам дидайӣ, эй симбадан, ғусса махур! Гуфт: <<Дунё гузарону ғами дунё гузарон!>> Ё бихон ё шунав ин ҳарфу сухан, ғусса махур! Ман шарики ғами ту бо дили ғамгин ҳастам, Эй фигори ғаму ғамдидаи ман, ғусса махур! Кӣ дар ин дори фано беғаму беармон аст? Ҳеҷ кас! Чун дигарон ин туву ман, ғҲамдардӣ...
<<Ғамат ғам, шодият шодӣ-м, эй ёр, Агар беморӣ, хоҳам гашт бемор>> Зи тифлӣ ман ба ту дил баста будам, Зи ишқат синаам гашта пурасрор. Надонам, дорӣ ё не бовар аз ман, Ки дорам аз вафоят дар дил осор. Накандам ҳеҷ гаҳ аз ишқи ту дил, Агарчӣ додиям бо ҳаҷр озор. Вафо кардам, ҷафо дидам ман аз ту, Вале мебошамат ъумре вафодор! Ҳамеша ъишқи ту парвардаам ман, Ба ҷисму ҷону қалбу чашму гуфтор. Вале ҳоло яқинам шуд, ки бе ту, Набошад дар дилам эҳсоси бедор. Диламро бо дилат пайванд будаст, Ки ҳардуро ба ҳам бастаст як тор. Ҳамон торе, ки буда ъишқи покат, Ба тифлӣ дар нигоҳу чашму рухсор! Ба ин ишқу ба ин меҳру ба ин сидқ, Туро ман дӯст медорам, бидон, ёр! Ба таъсиру вуҷудиНа этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту
38
- Карими ДавронУагадугу
- Меҳрафкан --Волгоград
- Тоҳири КуҳзодОвчи-Гончи