Ҳукм бар шахс не, бар ҳақ аст
Ҷамоате аз Қурайш барои ҳалли масъалае назди Умар бинни Абдулазиз омаданд. Халифа ҳар ду тарафро гӯш кард ва баъд як тарафро ба ҳақ ҳукм намуд. Тарафи мағлуб эътироз намуда, чунин гуфт:
- Аллоҳ (ҷ.ҷ.) туро ислоҳ намояд. Ман як далели махфӣ дорам. Дар ҳукм кардан, саросемагӣ намудед.
Умар бинни Абдулазиз чунин фармуд:
- Ман ҳақро дар як тараф, ки бубинам, дар ҳукм додан, истодагарӣ намекунам. Агар ту далел пеш орӣ, аз ҳукми додаам, аввалин шуда, ман худам бармегардам.
*** Халифа бо ин суханаш панд бидод, ки муҳим шахс нест, балки ҳақ аст. Дар ҳолате, ки ҳақиқат рӯй барояд ва санад пеш оварда шавад, ҳукми гузашта иҷборан дар по намеистад ва ба ҳақ тобеъ мегар