Барои онки фарзандон хуб ва парҳезгор тарбият шаванд, падарро лозим аст, ки ҳамсари диндор ва боахлоқеро интихоб намояд, ҳамсаре, ки дар хонаводаи аҳли дин ва ахлоқ, бо каромат ва эҳтиром парвариш ёфта бошад.
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: "Ба чаҳор далел занон ба ҳамсари баргузида мешаванд: Ба хотири молу сарват, насабу хонавода, зебои ва диндори. Шумо диндор ва парҳезгорро интихоб кунед, зеро сабаби хайру баракат хоҳад буд."