Ман дигар мафтуни чашми пуршарорат нестам,
Ман дигар он содаёри бекарорат нестам.
Ман саги куйи ту будам, сангсорам кардаи,
Хамчу саг дигар бидон дар рахгузорат нестам.
Гуфтамат: “Як буса дех” , гуфти: “ту лоик нести”
Ман дигар зори лабони шахдборат нестам.
Гуфтамат: “аз ман марав!” гуфти ки: “бо ту ман хазон”
Рав, кунун харчо, ки хохи кордорат нестам.
Интизори мекашидам дар рахи ту субху шом,
Ман дигар дар кую барзан интизорат нестам.
Гар маро ту ёр пиндори ба рохи зиндаги,
Ман ба рохи зиндаги дилдору ёрат нестам.
Ошикон гарчи барои дилбарон чон медиханд,
Маъзарат, аммо дигар ман чоннисорат нестам.