Ба унвони як мард ва як ҳамсар ба бонуи худ ишқ биварзед. Бигзоред бидонад, ки маҳбуб ва мавриди таъйиди шумо аст.
Қалб ва зеҳни як зан доим ба шунидан ва донистани ин ки дӯст доштанӣ ва хостанӣ аст, ниёз дорад. Бо ин кор ишқатонро ҳамеша зинда нигоҳ медоред ва коре мекунед, то ҳамсаратон бо тамоми тавонаш ишқи шуморо ҷуброн кунад.
Барои як зан кам дӯст дошта шудан, бадтарин иттифоқ аст. Занро бояд зиёд дӯст дошт ва ин ишқро пайваста ба ӯ ёдоварӣ кард. Фикр накунед, ки худаш мефаҳмад ё бояд дарк кунад, ки дӯсташ медоред. Ишқ бо иброз шудан зинда мемонад. Ин ибрози ҳис, муҳаббати худатонро низ қавитар мекунад.
Ҳамеша дар дастраси ӯ бошед ва ба ӯ нишон диҳед, ки дар ҳар шароите аз ӯ ҳимоят мек