Дӯстон, бо ёди Аллоҳ дидаи худ тар кунед,
Зикри Аллоҳи бузургу ёди пайғамбар кунед.
Соъати умри ширине,ки Худо бахшидааст,
Хешро омода баҳри соъати маҳшар кунед.
То ки фардо ҷойи хубе дошта бошед дар биҳишт,
Илми Қуръони карими покро аз бар кунед.
Арзише дорад барои ҷаннати Парвардигор,
Сангро болин кунеду хокро бистар кунед.
Чун ризои Кирдугор,андар ризои модар аст,
Бо тамоми ҳастии худ хизмати модар кунед.
Чун бародарвор мегӯяд фақат Маҳкампурӣ,
Як дуъойи нек аз баҳри чунин додар кунед.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
20.01.2023___Екатеринбург.