💫🦋💫
Модари чашминтизорам, зинда бош,
Эй, ҷамоли рӯзгорам, зинда бош!
Ҳар куҷо бошӣ, ту, он ҷо зиндагист,
Чеҳраи доимбаҳорам, зинда бош!
Хоб дар чашмат наояд, то саҳар,
Модари чашмзиндадорам, зинда бош!
Орзуҳоят ба ман бахшидаӣ,
Эй, умеду ифтихорам, зинда бош!
Ғайри фарзандон надорӣ, ғуссае,
Ғамшарику ғамгусорам, зинда бош!
То ту ҳастӣ, мекунам, парвозҳо,
Боиси авҷу барорам, зинда бош!
Соф ҳамчун осмони бекарон,
Пок ҳамчун чашмасорам, зинда бош!
Дар тамоми умр панду ҳикматам,
Дар ҳама ҳастӣ, шиорам, зинда бош!
Духтарат Озода гирад, аз ту файз,
Қуввату зӯру мадорам, зинда бош!