Дило, донӣ; ки аз дунё...
Киҳо рафтанд?
Чиҳо рафтанд?
Куҷо рафтанд?
Чаро рафтанд?
Басе шоҳу гадо рафтанд,
Басе фарзонаҳо рафтанд,
Басе ғарқи ғуруру ҷаҳл,
Басе ғарқи ҳаё рафтанд.
Касоне ғарқи хоку хун,
Касоне хушдилу маҳзун,
Касе Лайло, касе Маҷнун
Аз ин дорулфано рафтанд.
Ду-се тан бенишон рафтанд,
Аён, гоҳе ниҳон рафтанд,
Чу як барги хазон рафтанд,
Ба он дорулбақо рафтанд.
Басе дар кӯдакӣ рафтанд,
Ба ҷисми кӯчаке рафтанд,
Ба чандин рӯзаке рафтанд,
Ба даргоҳи Худо рафтанд.
Басеҳо бедаво рафтанд,
Басеҳо бенаво рафтанд,
Басе дар зери ин гардун
Дар армони ҳаво рафтанд.
Ҳама рафтанд бо фурсат
Аз ин дунёи пурғурбат.
Зи рафтанҳо, вале ҳайфо,
Намегирад касе ибрат.
— Ғайратҷон Ҳотамӣ
دلا، دان