Чун бимирам шустушӯ бо оби ангурам кунед,
Пургунаҳ будам,агар покиза чун ҳурам кунед.
Ончунон дар пастиҳои зиндаги умрам гузашт,
Дар баландие бареду бо алам гӯрам кунед!
Лолаи ҳасрат бирӯяд дар замини гӯри ман,
Рози худ бар лолаҳо гӯяд дили мағрури ман.
Оғӯши бикшодае ҳам гар набуд дар зиндагӣ.
Хок сахт оғӯш гирад ин тани ранҷури ман.
Не вафо аз ёр дидам,не зи пайвандони хеш,
Гарчи кардам ман нисор аз баҳри онҳо ҷони хеш.
Худ намедонам гуноҳи ман чи буд дар зиндаги?
Мебарам ман оқибат бар гур ин армони хеш.
Дар сари гӯрам нависад бод бо ҳарфи хазон,
"Ҷуз Худо гамхору ёре нест дар ҳарду ҷаҳон!
Меҳрубониву вафо гар ӯ надид дар зиндаги,
Меҳрубонаш бош,хоки тира бошаш меҳрубон.!"
Ман намедон