
Левая колонка
О группе
Дили ман ташнаи дидор, дубора боз меой.
Шудам аз дурият бемор, дубора боз меой.
Тасаввур мекуни,ҳар шаб,нахобам, дидабедорам,
Ду чашмонам ба роҳат чор, дубора боз меой.
Камони абрувонатро, ду чашмони сиёҳатро,
Ба ёд орам ҳазорон бор, дубора боз меой.
Дилам бисёр мехоҳад, ки боши дар канори ман,
Зи танҳои шудам безор, дубора боз меой.
Гирифта аз гиребонам ғами даҳри саодаткуш,
Надорам мисли ту ғамхор, дубора боз меой.
Ту медони ва огоҳи, ки ман сар то ба по ишқам,
Туи танҳо маро дилдор, дубора боз меой.
Дили ман бесафо бошад, тамоман бенаво бошад,
Ало шӯхи навозишкор, дубора боз меой.
Расад фасли баҳори мо ба пои тирамоҳи зард,
Нарафта сурхӣ аз рухсор, дубора боз меой.******
- +992 902 555 222
- Москва
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов
Ссылки на группу
436 участников
19 846 участников
149 участников