Одамиро фарқ аз ҳайвон чӣ аст?
Гар надонӣ мазҳабу имон чӣ аст?
Риш мондӣ, суннати пайғамбарӣ,
Мақсад аз ин зиннати инсон чӣ аст?
Дар миёни мардумони бешумор
Рақсу бозӣ бо зани шайтон чӣ аст?
Гар намозат мебарад бо роҳи рост,
Бо дурӯғе ваъдаву паймон чӣ аст?
Одамиро умр кӯтаҳ дар замин,
Фахр бар ин давлату даврон чӣ аст?
Он ки ҳастӣ, солимиро даст гир,
То набинӣ дорую дармон чӣ аст?
Аз падар омӯз панди зиндагӣ,
Бишнавӣ то иззати меҳмон чӣ аст?
Гар надорӣ қадру қимат пеши кас,
Саргузашти қолаби вайрон чӣ аст?
Ҳар касеро модар аз дунё гузашт,
Хуб медонад ғаму армон чӣ аст?
Меравӣ бар дурҳо, эй Мустақим,
То бифаҳмӣ хидмати мардон чӣ аст?
09-01-2025
Мустақим