Замоне шуд, замони пулпарастӣ,
Баланд парвозиҳо дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату мардум ҳама сер,
Вале идроки мо дар ҳоли пастӣ.
Куҷо шуд эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хештан, ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре аз хоҳари худ,
Куҷо шуд нуктаи нек аз назарҳо?
Аҷоиб як замон омад сари мо,
Ки рафт инсонгарӣ аз минбари мо.
Кунун шогирде мегӯяд ба ӯстод,
Фаро аз минбар биншин бари мо.
Замоне буд, ки одоб нархи хуб дошт,
Арӯсе гирди ҳавли рӯфтурӯб дошт.
Писар то, ки шавад шахси ба одоб,
Падар дар кунҷи хона як - ду чӯб дошт.
Падар акнун чун савдо надорад,
Ба ҷӯз пул ӯ дигар ғавғоҳо надорад.
Писар овораи бозии телефон,
Падар бошад ба ин парво надорад!!!