Бишканад дасте,ки боло бар сари модар шавад,
Ъарш гирён мешавад чашмони модар тар шавад.
Он-ки дар озори ҷони модари бечора аст,
Кур гардад,роҳи худ пайдо насозад,кар шавад.
Он-ки модарро бурун месозад аз даргоҳи хеш,
Дар ба дар гардад фақат,бехонаву бе дар шавад.
Гар савора бошаду бо кибр озораш диҳад,
Хор гардад зери бори зиндаги чун хар шавад.
Он-ки қалби модари бечораро озор дод,
Бар дилаш сад зарбаи пайдарҳами ханҷар шавад.
Қадри модарро намедонад агар дар зиндаги,
Пора-пора гардаду монанди хокистар шавад.
Ҳар-ки андар зиндаги қурбони модар мешавад,
Ҷайбҳои у пур аз сомониву доллар шавад.
Такягоҳи модараш бошад касе ҳамчун сутун,
Эй Худоё,посутуни хонааш аз зар шавад.
Маҳк