Агар оча набошад.
Ин хона мазор аст, агар оча набошад,
Гулҳо ҳама хор аст, агар оча набошад.
Дунёи туро меҳру вафо ҳеҷ кунад ҳам,
Инҳо ба чи кор аст агар оча набошад.
Танҳо шавию бо аламат қисса бигӯӣ
Навмеди шиор аст, ашар оча набошад.
Дил гиря кунад пеши ҳама қисмати талхаш,
Пас хаставу зор аст, агар оча набошад.
Сархам биравам пеши ҳама хешу таборон,
Дунё ҳама тор аст, агар оча набошад.