Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Мо чуз ғами Ӯ ҳеҷ дигар кор надорем.
Мискину фақирем, ба кошонаи дунё,
Бо неку бади ҳеч кас кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи хаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мо масти аластем ба як ҷуръа чу Мансур,
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад, ор надорем.
Мо тутии фақрему шакархораи Мисрем,
Чу зоғи сияҳ майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулҳақи Табрез,
Мо худ ба ҷуз ин шева ва гуфтор надорем!