Қарзи мо пеши Худо, аввал ибодат кардан аст, Бо каломи амрҳои Ҳақ, итоат кардан аст. Иштибоҳ аст, дил ба ганҷу гавҳари дунё мадеҳ, Моли дунёро ҳисобаш дар иёмат кардан аст. Умри худ зоеъ макуну хез з-ин ғафлат сарой, К-ин гуноҳи кардаро вати надомат кардан аст. Чун бидон,ки нафсро Шайтони малъун раҳнамост, Тарк роҳи нафсро инҷо қаноат кардан аст. Чун замине аз барои кишти фардост,ин ҷаҳон, Аз барои ҳосили он сахт меҳнат кардан аст. Меҳнаташ ранҷу азобу кулфату дарду ғам аст, Ҳосилаш пас роҳате андар қиёмат кардан аст. Ту бидон Дарвеш,ба пастиву баланди зиндагӣ, Шукри Аллоҳро намудан,сабру тоқат кардан аст.