Шавад, гар рӯзи дидорат бубинам,
Навои чашми хуморат бубинам.
Забон бикшо, ки бори рӯ ба рӯям,
Садову, нутқу, гуфторат бубинам.
Касе чун ман вафодорат нагардад,
Чунин муштоқи дидорат нагардад.
Надонести дареғо қадри ишқам,
Чу ман ошиқ дигар ёрат нагардад.
Надонести, ки бо ёди ту ҳастам,
Гирифтам, аз ҳама дил бо ту бастам.
Рақибона ба ман рафтор кардӣ,
Ҳанӯзам ошиқи зори ту ҳастам.