Хандаам аз хуршед,
ашкам аз борон аст,
Дилам аз нармии оташ, сарам аз сахтии санг
Чонам аз шишаи чуборон аст.
Зодгохам деха, коргохам дар шахр
Ватанам шахри азимест, ё кухи баланд,
Масканам дар сари сангест, ё домани бахр,
Ман намедонам,
агар хаст,
Худо медонад.
Ман факат медонам
Рухи ман чашмаяке буд, равон гашту ба дарёхо рафт,
Дарди ман зарраяке буд, калон гашту ба дунёхо рафт
Дастхоям ба дарахтон рафтанд,
чашмхоям ба чарогон
Пойхоям чу хавасхои навомухтаам
Гох дунболи Зарафшон рафтанд,
Гох чун бод хиёбон ба хиёбон.
Гох беёд биёбон ба биёбон.
Чомаам аз ман нест;
Хар бахор аз деха
Чомаи бекасаби сабзи сафедоронро металабам.
Тирамохон дар шахр
Мехарам пирахани зарди чинористонро
Дар зим