Ҳикоя
Оҳангаре бо вуҷуди ранҷҳои зиёд ва бемориаш ба Худо содиқона ишқ меварзид. Рӯзе яке аз дӯстонаш, ки ба Худо имон надошт, аз ӯ пурсид:
— Чи гуна метавонӣ Худоеро, ки ҳамеша ранҷу беморӣ насибат мекунад, дӯст дошта бошӣ?
Оҳангар сарашро бардошту гуфт:
— Вақте, ки мехоҳам ягон ашёи оҳанӣ бисозам, тиккае аз оҳанро рӯи кӯра қарор медиҳам, сипас онро бо болға мекӯбам, то ба шакли дилхоҳам дарояд. Агар ба сурати дилхоҳам даромад, медонам, ки ашёи хубе мешавад, агар на, онро канор мегузорам.
Ҳамин мавзӯъ боис шудааст, ки ҳамеша аз Худо талаб дорам, ки маро дар ку́раҳои дарду ранҷ қарор деҳ, аммо канор нагузор.
Пас мову шуморо зарур аст, ки барои худнамои не барои ҳар коре хоҳ дар намоз,