Кибру ғурур, ман - маню худписандӣ оқибат боиси бадбахтиву ҳалокати ҳамон фард, гурӯҳ ё ҷомеа мегардад.
Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:
" К- имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост.
Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед,
Мебинам, агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок,яке пашша биҷунбад,
Ҷунбидани он пашша, аён дар назари мост".
Бисёр манӣ карду, зи тақдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.
Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне,
Тире, зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.
Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,
В- аз абр мар ӯро ба сӯи хок фурӯ кост.
Бар хок биафтиду биғалтид чу моҳӣ,
В- он