АЗ ИН ҶАҲОН --- Аз ин ҷаҳони бебақо,хоҳи нахоҳӣ мерави, Аз байни хешу ақрабо,хоҳи нахоҳӣ мерави! Суде надорад симу зар,аз роҳи шаӣтон кун хазар, Шаҳзода боши ҳам гадо,хоҳи нахоҳӣ мерави. Мағрур мабош аз давлатат,суде надорад савлатат; Рузе ки ояд навбатат,хоҳи нахоҳӣмерави! Ҳаргиз мабош кинагир,дастӣ ятимро бигир, Барнодили,ё ин ки пир,хоҳи нахоҳӣ мерави! Дунёст чун дарё равон,монанди ин соҳиб дилон. Аз ин замин аз ин макон,хоҳи нахоҳӣ марави! Хайру саховат пеша кун,аз роҳи бад андеша кун; Неки бимонад ҷовидон,хоҳи нахоҳӣ мерави! Ин панди мавлоно бишнав,аз пушти ризқ. Ҳаргиз мадав бою бадавлат ё гадо,хоҳи нахоҳӣ мерави!!!