Агар дар мулки бегона, ғарибу бенаво мони, Агар бе болу пар дар сар балое мубтало мони. Ту танҳо нести як зара умеди раҳо бо туст, Худо бо туст, эй танҳо Худо бо туст, Худо бо туст!. Агар танҳои танҳои, миёни халқи бегона, Ҳама дил монда дил бишкаста, зору хаста бехона, Агар ёрат хиёнат карду ногаҳ дуст душман шуд, Тамоми умр бемаъно, тамоми зиндаги фан шуд. Машав навмед ҳоло, як умеди раҳкушо бо туст, Худо бо туст, эй танҳо Худо бо туст, Худо бо туст! Зи номардии дунё аз ду чашмат об мерезад, Хиёнат даст ба су пеши ту чун хезоб мехезад. Дар ин дайри ҷафопеша, дар ин дунёи пурасрор, Раҳо шав аз ҳама худро ба дастони Худо биспор. Дар ин дунё, дар он дунё, ҳамин як раҳнамо бо туст