Баде, бадӣ ба Шумо кард , ба Худо биспоред,
Расонд ранҷу ғаму дард, ба Худо биспоред.
Қасосу қасд насозед, Худост довари одил,
Зи сина пок кунед гард, ба Худо биспоред.
Бадӣ агар ба Шумо кард, ба Шумо не ба худаш кард,
Фалак пайомаду пайгард, ба Худо биспоред.
Худо чу ҳаст, ки ғам нест, Худо чу ҳаст, алам нест,
Нагашта мискину дилсард, ба Худо биспоред.
Ба ҳавлу қуввату қудрат, зи Худованд дар олам,
Чу зӯр нест ягон фард, ба Худо биспоред.
Ба чашми хеш бубинед, бадӣ накуӣ наёбад,
Пареш гардаду рузард, ба Худо биспоред.
Дар ин ҷаҳон зи нокас, вафову хубӣ маҷуед,
Ки мардӣ нест зи номард, ба Худо биспоред.
Х.Орифӣ. 10.03.2025