Агар чанде Сулаймони - ба хоки даҳр яксони,
Ваё Ҷамшеду Хокони - ба хоки даҳр яксони.
Агар канду асал нуши, агар майбуси зар пуши,
Ба моҳруён дар оғуши - ба хоки даҳр яксони!
Агар, ки фарди даврони, ба тахти хеш султони,
Ту андак руз меҳмони! - ба хоки даҳр яксони.
Агар чи шоҳи Тӯрони, чи зур аз шери ғурони,
Писанди пахлавонони - ба хоки даҳр яксони!
Ба ёди рӯи ҷонони, Ҷунун, ту сина бурёни,
Чу булбул гар ғазал хони - ба хоки даҳр яксони!
✍️Мавлави Ҷунунӣ.