Предыдущая публикация
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Больше информации
  • Главная
  • Увлечения
  • Видео
  • Группы
  • Люди
  • Публикации
  • Игры
  • Подарки
  • Поздравления
  • Помощь
  • русский
Левая колонка
Обложка профиля
Фотография от Ахмад Одилов

Ахмад Одилов

Последний визит: 7 ноя 2023
Фотография от Ахмад Одилов
Фотография от Ахмад Одилов
Фотография от Ахмад Одилов
Фотография от Ахмад Одилов
Фотография от Ахмад Одилов
Фильтр
ЗаметкиУвлечения
Ахмад Одилов
22 июл 2023
❗Эй дӯст, биё дар қадамат зор бигирям,
Ту ханда куну гӯ, ки чи миқдор бигирям.
Кас нест, ки тимори маро бар ту расонад,
Бар бекасии хешу ба тимор бигирям.
Эй маҳмили Лайлӣ, нафасе соз таҳаммул,
То қиссаи Маҷнун кунаму зор бигирям.
Аз сӯҳбати мардум чи тавон ёфт, ки чун шамъ
То субҳ ба доғ афтаму бедор бигирям.
Эй нури нигаҳ, дида ба тӯфони фано рафт,
Гирям бас, агар бар дили афгор бигирям.
З-ин баҳр, ки сомони гуҳар нест касеро,
Доман кунам аз ашк гаронбор, бигирям.
Ҳоҷӣ, зи ғами он, ки агар зор бимирам,
Бехона шавад дарду ғами ёр, бигирям!
✍️Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
Ахмад Одилов
14 июл 2023
(Дар дарвозаи Кабристон чунин нависта шуда буд)

Эй марди шариф агар дилат огоҳ аст, Умри ману ту дар ин ҷаҳон кӯтоҳ аст.

Инҷо ба дуо бош ки оромгоҳ аст, Хоки тани дарвешу вазиру шоҳ аст.

Эй роҳгузар аз мо шунав ин арзу садо, Мо шоҳу вазирему ҳақирему гадо,

Моро ту агар бипурси аз баҳри Худо, Мӯҳтоҷи дуоему дуоему дуо.(?)
Ахмад Одилов
5 июл 2023
Бехудоӣ

Дидаам ёрони худро,бевафоӣ мекунанд,
Худ ба худ ранҷида аз мову ҷудоӣ мекунанд.
Чун бигуфтам ҳарфи ҳақ,ранҷидахотир гаштаанд,
Бо ду-се шайтонсифат хуб ошноӣ мекунанд.
Ай Худо, ин ёвагонро, ки Худо гум кардаанд,
Дидаам, дар мулки бегона гадоӣ мекунанд.
Аз зану фарзанди худ бигрехта дар шаҳри ғайр,
Бар гунаҳпӯшӣ гаҳе оши худоӣ мекунанд.
Сад қасам пеши Худо гӯянду шарме нест, нест,
Аз раҳи Ҳақ дур гашта,бехудоӣ мекунанд.
Юсуфо, ғамгин машав аз дӯстони раҳгузар,
Мисли ақраб аз бади худ худнамоӣ мекунанд.

Мирзоюсуф Тоҳирӣ
26 06 2023с.
Ахмад Одилов
1 июл 2023
‼️БИГИРЯМ‼️

❗То чанд ба ҳар мурдаву бемор бигирям,
Вақт аст ба худ гиряму бисёр бигирям.
З-ин боғ гузаштанд ҳарифон ба тағофул,
То ман ба тамошои гулу хор бигирям.
Бар бекасиям раҳм накарданд рафиқон,
Фарёд! Ба пеши кӣ мани зор бигирям?
Дил об нашуд якъарақ аз дарди ҷудоӣ,
Ё Раб, мани бешарм чӣ миқдор бигирям?
Тадбири гудози дили сангин натавон кард,
Чун абр чӣ миқдор ба куҳсор бигирям?
Шояд қадаҳе пур кунам аз ашки надомат,
Май нест дар ин майкада, бисёр бигирям.
Носури ҷигар чанд кашад ранҷи чакидан,
Бар санг занам шишаву як бор бигирям.
Ҳарчанд зи ғам чора надорам мани Бедил,
Ин чора, ки фармуд, ки ночор бигирям!
Ахмад Одилов
30 июн 2023
❗Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад,
Барои ман магирию магӯ: дареғ, дареғ,
Ба доми дев биафтӣ, дареғ он бошад.
Ҷанозаам чун бибинӣ, магӯ: фироқ, фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.
Маро ба гӯр супурдӣ, магӯ: видоъ, видоъ,
Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.
Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бингар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад.
Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст,
Чаро ба донаи инсоният ин гумон бошад?
Туро чунин бинамояд, ки ман ба хок шудам,
Ба зери пои ман ҳафт осмон бошад!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

324

  • Эмиль Шамалов
    Эмиль Шамалов
    Рамле
  • Темур Эргашов
    Темур Эргашов
    Худжанд
  • Ашуров Сайфиддин
    Ашуров Сайфиддин
  • Борис Холович
    Борис Холович
    Москва
  • Светлана Белова
    Светлана Белова
    Красноярск

  • Бесплатная открытка с праздником, курбан, байрам

10

  • Прически
    Прически
    167879 подписчиков
  • ПЕСНИ НАШЕЙ МОЛОДОСТИ (и не только)
    ПЕСНИ НАШЕЙ МОЛОДОСТИ (и не только)
    62722 подписчика
  • ☑️ Kino Trend 4К
    ☑️ Kino Trend 4К
    312630 подписчиков
  • Шеъру Қиссаҳо ва "Статусҳои Беҳтарин"
    Шеъру Қиссаҳо ва "Статусҳои Беҳтарин"
    114345 подписчиков
  • Вкус Жуковы
    Вкус Жуковы
    467484 подписчика

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

Зарегистрироваться