Умри одам бо нишоту шуру ғавғо бигзарад,
Моли дунёро чи суд чун моли дунё бигзарад.
Ҳар яки мо ғофилем аз кори фардои Худо,
Қабзи ҷони мо чу ояд пиру барно бигзарад.
Гар ту дори молу мулки андаке дар зиндагӣ,
Хайр бинмо бар ятимон чунки ин ҳам бигзарад.
Пас махур эй одамӣ ҳаргиз ғами дори гузар,
Ҳарки омад бигзарад чун боз ояд бигзарад.
Навбаҳорӣ дур бинмо тирамоҳӣ пеша кун,
Чунки фасли марги моён дар зимистон бигзарад.
Шодиҳои руи дунё суи ғафлат мебаранд,
Тифли гирён омад инсон пири гирён бигзарад.
Юсуфи покдоман аз макри Зулайхо кард гурез,
Чунки медонист ки дунё бо имтиҳонӣ бигзарад.
Пас бидонем инки дунё имтиҳон аст имтиҳон,
Кош ба имон ҷони мо аз имтиҳонаш бигзарад.
Ҷони моё