Паёмбари Худо (С.А.В.) мефармояд: “Аз Худо битарс ҳар куч,ое боши ва ба дунболи бади неки кун, то онро маҳв созад ва бо мардум бо ахлоқи писандида муомила кун” Ин дастурест басо бузург ва инсозу ч,омеасоз, зеро дар он ҳам ҳуқуқи Худо ва ҳуқуқи бандагони Худо якч,о зикр шудааст. Худованд ба аввалину охир дастур додааст, ки аз У битарсанд: “Мо ба шумо ва касоне, ки пеш аз шумо дорои китоб буданд, васият кардем, ки “Аз Худо битарсед” (Сураи Ниса: ояти 131). Асли тақво ин аст,ки банда миёни худ ва хашму ғазаб ва азоби Парвардигор, ки аз он метарсад, аз тоату ибода ва канорагири аз аз нофармони ба авомири Худованд қалъае устувор бунёд намояд, то он қалъа уро нигаҳбон бошад: “Эй муъминон