Муалло, ки мухориҷи хонаи Имом Ҷафари Содиқ (а) буд, мегуяд: Рузе хидмати Имом мушарраф шудам, Имом фармуданд: Медонӣ имруз чи рузест? Гуфтам: Ё Ибни Расулаллоҳ! Имрузро мардуми аҷам Навруз меноманд ва бузург медоранд, ва барои якдигар ҳадя мефиристанд. Имом фармуд: Ба Каъба савганд мехурам Навруз аз қадим буда! Эрониён онро нигоҳ доштанд, аммо шумо онро аз байн бурдед. Навруз рузест, ки киштии Ҳазрати Нуҳ (а) бар фарози куҳи Ҷудӣ соҳил гирифт. Навруз рузест, ки паёмбар Иброҳим бутҳои қавми худро шикаст. Навруз рузест, ки фаришта Ҷабраил (а) бар Паёмбар (С) нозил шуд. Навруз рузест, ки дар он Паёмбар (С) дар Ғадири Хум барои Ҳазрати Алӣ (а) аз мардум паймон гирифт. Навруз рузест, ки дар он Қ