Аз эҷоди айёми ҷавонӣ
Армуғони арафаи Соли нави мелодӣ
Биёмад Соли нав ёрам наёмад,
Диламро бурду дилдорам наёмад.
Тасаллоям фақат дидори ӯ буд,
Таманнои дили зорам наёмад
Биёмад Соли нав ёди ту кардам,
Хаёли чеҳраи шоди ту кардам.
Зи бори зиндагӣ қомат нашуд хам,
Ки ёди қадди шамшоди ту кардам.
Бимонӣ шод, шаҳри дилписандам,
Зи ободии ту ман сарбаландам.
Ту ҳастӣ мазҳари ишқи нахустин,
Хуҷандам, эй Хуҷандам, эй Хуҷандам.
Ба ту Соли нави мелодӣ табрик!
Рӯҳи болидаву ободӣ, табрик!
Каму ғамро набинӣ ту, Илоҳо
Бубинӣ сад ҳазорон шодӣ,табрик!