Мард бошӣ, марди нотакрор бош,
Мулки дигар омадӣ, айёр бош.
Обрӯи миллати худро марез,
Фахри халқи тоҷу афсардор бош.
Гар ғарибӣ меравӣ, эй марди хуб,
Пеша кун одобу беозор бош.
То бихоҳӣ иззатат боло шавад,
Бо ҳама хурду калон ғамхор бош.
Молу давлатро агар соҳиб шавӣ,
Баҳри хидмат доимо тайёр бош.
Дар ҳама пасту баланди рӯзгор,
Дар масири зиндагӣ сардор бош.
Пеши ҳар соҳибҳунар биншин фақат,
Вақти ҳарфе гуфтанат ҳушёр бош.
Гар ба пирӣ хостӣ осудагӣ,
Дар ҷавонӣ ҳамрадифи ёр бош.
Меравӣ ту ҳар куҷое, Мустақим,
Ҳар қадам дар ёди он Ҷаббор бош.