Ба шаҳидбачаи тоҷик Қобилҷон Алиев
😥😥😥😥😥
Баҳри тоҷикписари рафта ба номи Қобил,
Рӯзи чанд аст, ки намонад маро сӯзиши дил.
На худам бо худаму ҳуш на бар сар шабу рӯз,
Нафрат ояд маро бо ҳама ин қавму қабил.
Гашта баргашта биёяд ба пеши назарам,
Хуни дил рехт ба даҳсолаи хобида ба гил.
Синарешам зи кирдори ҳамон ташнаи хун,
Лаънати ҳарду ҷаҳон хонда ба номи қотил.
Бо ҳақорат нигарад дида ба ин натсистон,
Бар падар-модари хунхор ва ин қавми разил.
Эй шаҳидбачаи мо, ҷои ту ҷаннат бошад,
Модаро, бар ту бихоҳем ҳама сабри ҷамил.
Ҷумла дар мотами ту ашки надомат резанд,
Ашки ёрон шуда имрӯз чу шохобаи Нил.
Баҳри он дузахӣ, Мақсудалӣ, нафрин гӯяд,
Мешавад хуни баноҳақ даме зиста хиҷи