Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, бирав хизмат ба модар кун, Савоби ду ҷаҳон хоҳӣ, бирав хизмат ба модар кун. Агар шоҳу гадо бошӣ, фақиру бенаво бошӣ, В-агар марди Худо бошӣ, бирав хизмат ба модар кун. Туро бо сад навозишҳо, бари гаҳвораат шабҳо, Ба як уммеду армонҳо, бирав хизмат ба модар кун. Чу буди тифли домангир, бипарварда туро бо шир, Ба пирӣ дасти модар гир, бирав хизмат ба модар кун. Замоне гар шуди ранҷур, нашуд як дам зи наздат дур, Бирафт аз дидагонаш нур, бирав хизмат ба модар кун. Ҳамеша қадри модар дон, бузургу беҳтар аст аз ҷон, Ризо бошад зи ту Яздон, бирав хизмат ба модар кун. Ягона меҳрубон бошад, чароғи хонадон бошад, Ки исмаш ҷовидон бошад, бирав хизмат ба модар кун. Набинад ҳеҷ дар