Розиқи Фонӣ Ҳама ҷо дўкони ранг аст, ҳама ранг мефурўшад, Дили ман ба шиша сўзад, ҳама санг мефурўшад. Ба карашмае нигоҳаш дили содалавҳи моро Чи ба ноз мерабояд, чи қашанг мефурўшад. Шараре бигиру оташ ба ҷаҳон бизан ту, эй оҳ, Зи шарорае, ки ҳар шаб дили танг мефурўшад. Ба дўкони бахти мардум кӣ нишастааст, ёрон, Гули ханда меситонад, ғами ҷанг мефурўшад. Дили кас ба кас насўзад ба муҳити мо ба ҳадде, Ки ғизол чўҷаашро ба паланг мефурўшад! Мудатест кас надида гуҳаре ба қулзуми мо, Ки садаф ҳар он чи дорад, ба наҳанг мефурўшад...