Предыдущая публикация
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Больше информации
  • Главная
  • Видео
  • Группы
  • Люди
  • Публикации
  • Игры
  • Подарки
  • Поздравления
  • Рекомендации
  • Помощь
  • русский
Левая колонка
Фотография от Аҳмад Аҳадов

Аҳмад Аҳадов

Последний визит: вчера 13:11
Фотография от Аҳмад Аҳадов
Фотография от Аҳмад Аҳадов
Фотография от Аҳмад Аҳадов
Фотография от Аҳмад Аҳадов
Фотография от Аҳмад Аҳадов
Фильтр
ЗаметкиУвлечения
Аҳмад Аҳадов
27 мая
Аҳмад Аҳадов
Туро бо хайру шар нохоҳ корест,
Гулистонро басе дар роҳ хорест.
Ҳаме донад куҷо огоҳ ёрест,
Ҳама ганҷинаро ҳамроҳ морест.


Надонем қадри он акнун ки дорем,
Зи фикри нобуда бас беқарорем.
Басе коре ба фардо мо гузорем,
Ба фардо боз мо чун ди гуморем.

Чаро гӯям ки фардо мекунам ман,
Ҳама некӣ пас иҷро мекунам ман.
Дурӯғе бемуҳобо мекунам ман,
Ки фардо тарки дунё мекунам ман.

Гаҳе аз умр ончун хаста гардӣ,
Ки рӯҳ афтода дилшикаста гардӣ.
Хаёлат чашм з-инҳо баста гардӣ,
Бароӣ баҳрашу вораста гардӣ.

Сухан бисёр мегӯӣ дареғо,
Зи нокас ёр меҷӯӣ дареғо.
Баҳоронро гуле бас дода аз даст,
Зи дай он хор мебӯӣ дареғо.
Аҳмад Аҳадов
5 дек 2024
Аҳмад Аҳадов
Диле дорӣ,ки ранҷад зуд,
Ва чашмоне,ки гиряд худ,
Туро охир чи хоҳад шуд,
Ки меранҷиву мегир-и.

Даво гаҳ,гоҳ дард аст умр,
Бале ҳам гарму сард аст умр.
Ки майдони набард аст умр.
Гаҳе мағлуб,гаҳе чирӣ.

Агар мурғе ҳумоӣ ту,
Абад охир куҷоӣ ту
Ту худ донӣ ку ҷои ту
Замингирам,замингирӣ!

Нафас дорӣ ҳамехоҳӣ,
Дило аз мурғ то моҳӣ
Вале хоҳӣ,намехоҳӣ,
Чу ман мирам,ту ҳам мирӣ.

Худо додаст рўзе чанд,
Зи даврон то бигири панд.
Вале ҳайфо,аё дилбанд,
На ман гирам,на ту гири.

Чаҳон гаҳвора гар дорад,
Ва ҳам рахте сафар дорад.
Зи умре,к-он гузар дорад,
На ман серам,на ту сери.
Аҳмад Аҳадов
19 сен 2023
Аҳмад Аҳадов
Чу дирўзам ҳаминрўзам намепояд,намепояд,
Ҳама рўзам абас рафтас чи мебояд,чи мебояд.
Биё бошем кунун бо ҳам ки медонад,ки медонад,
Ки фардое бари мо боз меояд,намеояд.
Чи мехўри ғами фардо намедони,намедони,
Ки шаб обистане бошад,чи мезояд,чи мезояд.
Ба дунё орият бошем,ҳамедонем,ҳамедонем,
Дами рафтан ҳаросидан намешояд,намешояд.
Аҳмад Аҳадов
26 июн 2023
Аҳмад Аҳадов
Амал донистаро чун мо намоем,
Дигар ночиз наем бас бебаҳоем.
Вале афсӯс коҳил,бевафоем,
Ки ғафлат мекунем пас бебақоем.

Расид он гар яке бар ҳар баландӣ,
Зи ҳиммат ёфтаст ин арҷмандӣ.

Ту метонӣ вале ҳиммат надорӣ,
Заре холис туӣ қиммат надорӣ.
Чӣ мехобӣ дило зиллат надорӣ,
Бихез охир ягон иллат надорӣ.

Зи хобат коми дил ҳосил наояд,
Зи сустият туро фурсат напояд.
13/06/2015
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

561

  • Murod Bozorov
  • Рахматулло Махмадуллоев
    Рахматулло Махмадуллоев
    Худжанд (Александрия Эсхата, Ходжент, Ленинабад)
  • Амир Султыгов
  • Сабуров Шухрат
    Сабуров Шухрат
  • Behruz Sultonov
    Behruz Sultonov
    г. Новый Уренгой (Ямало-Ненецкий АО)

  • Бесплатная открытка спасибо, здоровья и благополучия, мандарины, корзина, снег, зима
  • Бесплатная открытка крещенский сочельник, чашки, кофе, свечи, мира, текст

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

Зарегистрироваться