Эй миллати ман, сиришк то кай резӣ, Вақт аст, ки бо ҷўши замон омезӣ. Шуд лаҳзаи он, ки хешро бишносӣ, Эй шер, чаро ба ин сагон настезӣ? Нон аз даҳану зи ҷўй обат бурданд, То кай ба хамўшӣ обрў мерезӣ? Дар Русия рўсиёҳ гаштиву чаро, Бо ҳамнафасони хештан н-омезӣ? Дар Афғонистон фиғони тоҷик болост, Кай хоки адуи хешро мебезӣ? Эрон бикушодааст сўят оғўш, Баргўй маро, аз ў чаро бигрезӣ? Душман ба шикори тоҷикон хестааст, Тоҷик, ба шикори душманон кай хезӣ?