БА ИСТИҚБОЛИ РАМАЗОН!!! Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Муборакат бод! Хушо ба ҳолат, ки расидан ба моҳи Рамазон насибат мегардад. Моҳи баракат, саодат, шарофат, омӯрзиши гуноҳон, мағлубияти шайтону саркубии нафс. Аз Рамазони гузашта то имсол даҳҳо ва садҳо нафар орзӯи дидори чеҳраи маҷозии нуронии ин моҳро доштанд, вале афсӯс, ки пайки аҷал барояшон фурсат надод. Инак Худованд бори дигар барои ту дарҳои марҳаматашро боз намуд, то тавба кунӣ, ба сӯяш баргардӣ, аз кардаҳоят пушаймон шавӣ, барои гуноҳонат ашки надомат бирезӣ. То фарорасии моҳи Рамазон чанд рӯзи дигар боқӣ монд. Гузашти ҳар сония ва ҳар нафаси ману ту, моро ба ин моҳи пурбаракат наздик мегардонад. Рамазон ба истиқболи ман