Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст.Хурусон ҳар саҳар гӯянд: ки “қум ё айюҳал ғофил”Ту аз масти намедонӣ, касе донад ки ҳушёр аст.Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак,Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст.Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд,Ба гури танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст.Аё эй Шамси Табрези, ту чун марди саҳархези,Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст!