Ёд дори, аввалин афсонасозиро?
Қиссаи дарси риёзиро,
Ёд дори?
Бо нигоҳе аз ту пурсидам:
Чашм ҷамъи чашм …ҳосил чанд?
Гуфти: Чашмҳои мо…
Ҳамзамон дарси риёзи баҳри мо як фанни дигар шуд,
Достони дусти сар шуд…
Мову ту пинҳону ларзон аз муаллим
Ҷамъи ҳушу ёдҳоро ру ба ру кардем.
Тарҳ кардем аввалин бор орзуи кудакиро
Ҳосили умедҳои наврасиро ҷустуҷу кардем:
Бе сухан зарби нафасҳоро шумурдему ба зарби қалбхо тақсим бинмудем,
То садоеро биёбем, Муддаъоеро биёбем.
То рақамхое баровардем аз тагрешаву реша,
Дар дилу дар хотири хам решаҳо рондем,
Реша дар андешахо рондем.
Ҳай ракамҳое, ки мо аз кафсҳое боз кардем,
То қафасҳои муаммое шикастему дили парвоз кардем…
Аз ҳамон соат, ки устоди риёзи хо