АШТ, район дар вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон, 29 сентябри 1926 ташкил шудааст. Ашт дар нишебаҳои ҷанубу шарқии қаторкӯҳӣ Қурама воқеъ аст. Аз маркази Ашт то ш. Ленинобод 107 км, то ш. Душанбе 448 км. То станцияи роҳи оҳани наздиктарин (Рапқон) 35 км. Масоҳаташ 2,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 52,1 ҳазор нафар (1976), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбакҳо, русҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 - 18,6 нафар. Ашт дорои 6 Совети қишлоқ— Ашт, Ошоба, Понғоз, Пунук, Қамишқурғон, Ҷарбулоқ ва 2 птш: Гулшан, Ашт (маркази район). Терретории район хеле ноҳамвор, қисми шимолу ғарбиро нишебаҳои қаторкӯҳӣ Қурама, қисми ҷанубу шарқиро ҳамвории водии Фарғона ташкил медиҳад. Нуқтаи баландтаринаш аз соҳили баҳр 37