Ғарқшавии духтарон дар дарё Сурхоб
Дар Интернет видеое нашр шуд, ки лаҳзаи дар дарёи Сурхоб ғарқ шудани ду духтарро тасвир мекунад. Як духтари 15-сола аз ҷамоати Сари Пули ноҳияи Рашт ва як духтари 19-сола аз Душанбе, ки ба меҳмонӣ омада буд, нимаи дуюми рӯзи 28 апрел ҳангоми аксгирӣ дар лаби дарё ғарқ шуданд. Ҷасади ҳардуро рӯзи 29 апрел 35 километр поёнтар пайдо карданд.
Дар видеое, ки дар шабакаи Инстаграм нашр шудааст, дида мешавад, ки чанд духтари наврас ва як духтари хурдсол дар лаби дарёи Сурхоб нишастаанд ва сӯҳбат доранд.
Вақте духтари хурдсол низ ба лаби дарё наздик мешавад, ӯро ҳушдор медиҳанд, ки наздик наравад, ки боз дар об наафтад. Вале дар ҳамин лаҳза як духтари наврасе, ки