Дили ман ташнаи дидор, Дубора боз меой?Шудам аз дурият бемор, Дубора боз меой? Тасаввур мекуни, х,ар шаб, нахобам, дидабедорам, Ду чашмонам ба рохат чор, Дубора боз меой? Камони абрувонатро, ду чашмони сиёхатро, Ба ёд орам х,азорон бор, Дубора боз меой? Дилам бисёр мехохад, ки боши дар канори ман, Зи танхои шудам безор, Дубора боз меой? Гирифта аз гиребонам гами дах,ри саодаткуш, Надорам мисли ту гамхор, Дубора боз меой? Ту медони ва огохи, ки ман сар то ба по ишкам, Туи танхо маро дилдор, Дубора боз меой? Дили ман бесафо бошад, тамоман бенаво бошад, Ало шухи навозишкор, Дубора боз меой? Расад фасли бахори мо ба пои тирамохи зард, Нарафта сурхи аз рухсор, Дубора боз меой?