Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh

БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش Buzurgandesh

Последний визит: 12 фев 2018
Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh
Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh
Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh
Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh
Фотография от БУЗУРГАНДЕШ بزرگ اندیش  Buzurgandesh
Фильтр
Беҳуда мадон хайршитоби ману ту,
Котиб малак аст бар китоби ману ту.
Дилгир мабошу хайри бисёр намой,
Зоеъ накунад Худо савоби ману ту.

Бузургандеш
Оқибати мо ба хайр гардон Аллоҳ.
Хок бошад беҳтарин ҷойи шумо,
Хок бошад ганҷи доройи шумо.
Хокро дидам ҳамеша боадаб,
Хок бардорад баданҳойи шумо.
Хок пӯшад неку бадҳойи шумо,
Хок пӯшад ганду расвойи шумо.
Хок дар пеши Худо шуд лолу гунг,
З-он аз он шуд ҷисми пайдойи шумо.
Хок модар, хок аслу хок ризқ,
Хок доимост маъвойи шумо.
Рӯйи хоку зери он маъвойи мост,
Ҳақ бидонад хоки донойи шумо.
Мо зи хоку хок аз мо дур нест,
Хок шуд имрӯзу фардойи шумо.
Беҳуда боло марав боло мапар,
Хок бошад беҳтарин ҷойи шумо.
Дар дигар унсур натонӣ саҷда кард,
Бар Худрванди шаҳу бойи шумо.
Хок бошад саҷдагоҳи одамон,
Рӯйи он босаҷда сарҳойи шумо.
Хок бошад роҳу ҷойи амну зист,
Ҷойи мурдан, хоки доройи шумо.
Хок мебошад амин ҳар чӣ ба он,
Мед
Ғазали Бузургандеш

Ҳақсухан дар ду ҷаҳон боравнақ аст,
Кулли ноҳақ бинӣ андар вақвақ аст.
Ҳақсухан бекишти ҳам ёбад амон,
Ноҳақон дида бало гар заврақ аст.
Зикри Ҳақ аз ҳар ҳиҷо бояд шунид,
Гар чӣ ку ку ҳаст ё ки тақ тақ аст.
Ҳашри ҳар одам бувад бо зумрааш,
Пуштигирӣ ноҳақон ҳам ноҳақ аст.
Ҳамнишини дузд дузд аз маст маст,
Ботил аз ботилу ҳар Ҳақ аз Ҳақ аст.
Шав Бузургандеши Аллоҳи бузург,
Ҳар ки бе ӯ дам занад дар лақлақ аст.
Машав ботин шақӣ зоҳир ту мулло,
Дарун, берун ту яксон шав чу тилло.
Бузургандеша кун бо илм амал кун,
Найи майда ту ҳар мушкилӣ ҳал кун.
Дар олам чанд рӯзӣ не ҳамеша,
Макун ту ҳеҷ дилозорӣ пеша.

Бузургандеш
Ҳараккат кунад ҳар чӣ бо роҳи хеш,
Чи санги бадахшон чи гову чӣ меш.
Чи реги биёбон чи обу чи бод,
Чи инсу фаришта чи зулму чи дод.
Чи зарроту вақту хазону баҳор,
Чи ваҳшу паранда чи муру чи мор.
Чи умру чи маргу чи борону барф,
Чи нақшу чи шеъру калима чи ҳарф.
Чи мурғу чи моҳи чи баргу чи дав,
Чи фошу ниҳону чи куҳна чи нав.
Чи ҳар ҷон ба ҷониби Ҷонони хеш,
Чи ҳар дил ба ҷониби дилбар ба пеш.
Ба роҳи сақар меравад аҳли он,
Ба ҷаннат равад ҷаннатӣ хуш бидон.
Чи исёну тоат чи бухлу сахо,
Чуни рафта роҳу равиш аз қазо.
Бузургандешон равон роҳи хеш,
Зи роҳаш нагардад касе то ҳамеш.
Равише қазо дода бар кулли шай,
Дар он ҷон диҳанду ба онанд ҳай.

Бузургандеш
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

1298

270