МОДАР дилам гирифт(((((
Дунё чу соли пор нест, Модар дилам гирифт,
Хушрангу беғубор нест, Модар дилам гирифт.
Фарёду оҳ мерасад аз чор сӯ ба гӯш,
Шодӣ ба рӯзгор нест, Модар дилам гирифт.
Ҳарчанд фасли гул бувад, гул бетароват аст,
Дар синаҳо баҳор нест, Модар дилам гирифт.
Олам асири панҷаи марговари вабост,
Оромию қарор нест, Модар дилам гирифт.
Рафтию аз пасат падар аз мо бирафту гуфт:
"Ин ҷо ҳавои ёр нест", Модар дилам гирифт.
Сарводаҳо ҳама зи ғам, девони орзу,
Дар дасти интишор нест, Модар дилам гирифт.
Аз раҳму меҳр дар ҷаҳон чизе намондааст,
Дар ишқ эътибор нест, Модар дилам гирифт
Ҳар гаҳ ба деҳа меравам, пушти дарат маро,
Кас чун ту интизор нест, Модар дилам гирифт.
Бархез аз дили з