Модарони мўњтарам, бонувони азиз, хоњарони гиромї ! Њоло ки мо дар остонаи яке аз љашнњои зебову дилписанди сол – иди Рўзи Модарон – 8 - Март ќарор дорем, мехоњам њамаи Шумо, кулли модарон ва занону духтарони иззатманди ноњияро ба муносибати рўзи модарон самимона табрик гуфта, ба њар кадоматон, пеш аз њама саломативу хушбахтї, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушињои зиндагиро орзу намоям. Воќеан ба оѓози фасли бањор рост омадани иди занон рамзи шукуфої ва мазњари зебої буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб љањонро хуррамї бахшад, пас зан – модар бо мењру муњаббат ва рањму шафќати хеш сарчашмаи зиндагї ва га