Ба худиву ба бегона дилам сӯхт,
Ба танҳову ба бехона дилам сӯхт.
Наомад раҳми кас бар ҳоли зорам,
Агарчӣ мисли парвона дилам сӯхт
*****
Гаҳе дар ҳасрати додар гиристам,
Гаҳе дар ғурбати хоҳар гиристам.
Чу дидам, ки касе бар ман насӯзад,
Ба ҳоли зори худ музтар гиристам.
*****
Ба шодиву ба ғам шукрона кардам,
Ба бисёру ба кам шукрона кардам.
Чу медонам қазо доди Худо аст,
Ба ҳар ҷабру ситам шукрона кардам.
*****
Қасам бар номи поки Кирдугорам,
Ба ҳар аҳде, ки додам устуворам.
Ман аз дурӯягони дун набошам,
Ки қавли додаро бар ҷо наорам.
*****
Басо дидам нахи ёрӣ гусастанд,
Дили ҳамрози ҷониро шикастанд.
Зада лофи вафову дӯстдорӣ,
Валекин дил ба ёри худ набастанд.
НОЗАНИН